Раҳмон ба Ван И: Тоҷикистон ба сарнавишти Афғонистон бетараф буда наметавонад
Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири клорҳои хориҷии Чин гуфт, Тоҷикистон ба сарнавишти Афғонистон бетараф буда наметавонад
Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд, хабар медиҳад котиботи президент.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро, муҳокима намуданд.
Дар мулоқот, аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шудааст.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо сарҳади дарозтарин, забон ва таърихи муштарак бо Афғонистон, нисбат ба сарнавишти ин кишвар бетараф буда наметавонад.
Дар ин зимн таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон хостгори барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.
Комментарии (0)