Аз суҳбати хоса бо Раҳмон то поягузорӣ ба мактабҳои русӣ: барномаи сафари Путин ба Душанбе
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷузъиёти сафари президенти Русия ба Тоҷикистонро нашр кард
Бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ба Тоҷикистон меояд
Дар назар аст, сафари Путин ба ДУшанбе аз 15 сентябр оғоз шавад, хабар додааст, дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин сафар сарони давлатҳо "як ба як" ва дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳо гуфтушунид хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, сарони Тоҷикистон ва Русия дар маросими гузоштани санги асос ба таҳкурсии панҷ мактаби таълимӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли видеоконференсия ширкат хоҳанд кард.
Дар поёни музокирот ба имзо расонидани Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия оид ба таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқи стратегӣ, инчунин зиёда аз бист санади нав ба нақша гирифта шудааст.
Зимни сафари расмии президенти Путин ба Тоҷикистон зиёда аз бист санади нав ба имзо хоҳанд расид, гуфтааст, вазорат.
Пас аз ин дидорҳо дар назар аст, президенти Русия дар ҷаласаҳои СААД ва СҲШ ширкат кунад.
Комментарии (0)