< Аз Путин то Раисиву Имрон Хон: маълум шуд, ки ба Тоҷикистон кадом президентҳо меоянд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз Путин то Раисиву Имрон Хон: маълум шуд, ки ба Тоҷикистон кадом президентҳо меоянд

Аз Путин то Раисиву Имрон Хон: маълум шуд, ки ба Тоҷикистон кадом президентҳо меоянд
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон исми меҳмонҳои олӣ, ки дар ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе ширкат мекунанд нашр кат

17 сентябри соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бахшида ба 20 -умин солгарди таъсиси СҲШ баргузор мешавад, хабар додааст дафтари матбуотии вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар нишасти Душанбе сарони кишварҳои узви СҲШ - Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Чин Чин Си Ҷинпин (онлайн ), президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.

Ҳамзамон сарони кишварҳои нозирони СҲШ - президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) иштирок мекунанд.

Президенти Туркманистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчун меҳмони фахрӣ, инчунин Котиби генералии СҲШ Владимир Имамович Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумахон Фаёзович Гиёсов ширкат хоҳанд кард.

Дар ин нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ - ИДМ, ОДКБ, САҲА, ЭКО ва ИИАО иштирок мекунанд.

Интизор меравад, ки пас аз натиҷаҳои нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе дар бораи роҳандозии тартиби қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси як кишвари комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба кишварҳои Миср, Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул кунанд.

Сарони давлатҳои узв ҳамчунин дар бораи Дабири кулли нави Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарор қабул хоҳанд кард.

Дар поёни ҷаласа бори аввал дар таърихи СҲШ Суруди Созмон, ки бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидааст, садо медиҳад.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити таърихии СҲШ Эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий