Аз фурудгоҳ то бӯстонсаро: Мирзиёевро Раҳмон ва садҳо атласпӯш бошукӯҳ пешвоз гирифтанд
Котиботи кишвардори Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири пазироии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, фурудгоҳи Душанбе бо аксҳои раҳбарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳо ороста шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёевро гарм истиқбол гирифт, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки барои истиқболи президенти Ӯзбекистон фурудгоҳи Душанбе бо аксҳои раҳбарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳо ороста шуд.
"Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Истиқболи Мирзиёев аз фурудгоҳ то бӯстонсаройи Ҳукумат, аз тарафи сокинони пойтахт дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, идома ёфт.
Манбаъ афзуда, ки зимни мулоқоти хоса дар фурудгоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтааст.
Кишвардорон изҳори боварӣ кардаанд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, мусоидат хоҳад кард.

Комментарии (0)