< Раҳмон пас аз Дарвозу Ванҷу Рӯшон вориди Хоруғ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон пас аз Дарвозу Ванҷу Рӯшон вориди Хоруғ шуд

Раҳмон пас аз Дарвозу Ванҷу Рӯшон вориди Хоруғ шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки муддати ду рӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад, имрӯз вориди маркази вилоят - шаҳри Хоруғ гардид

Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон дар рӯзи дуюми сафари худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ташриф овард.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ  роҳбарият ва фаъолони вилоят истиқбол гирифтанд.

Интизор меравад, дар шаҳри Хоруғ  Эмомалӣ Раҳмон чанд иншооти муҳими хоҷагии халқро мавриди истифода қарор дода, ҳамчунин барои бунёди як зумра иншооти дигар санги асос хоҳад гузошт.

Ёдовар мешавем, чанде пеш кишвардори Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон бо фаъолони ноҳия мулоқот баргузор намуд ва аз дар робита ба тартиботи ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ кард.

Суҳбати Раҳмон дар бораи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки қаблан гуруҳи аз сокинони Рӯшон бо нишони эътироз алайҳи ба гуфтаи онҳо, худсарии мақомдорон даст ба ҳамоиш заданд.

Ҳамоиш дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий