< Қарорҳои Ҳукумат: тағйири номи қуллаи баланди Помир, ки олими рус ба номи занаш гузошт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қарорҳои Ҳукумат: тағйири номи қуллаи баланди Помир, ки олими рус ба номи занаш гузошт

Қарорҳои Ҳукумат: тағйири номи қуллаи баланди Помир, ки олими рус ба номи занаш гузошт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помирро, ки ҷуғрофидони рус Николай Коженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дод

 Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, минбаъд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ” гирифт.

Қуллаи мазкур 13 километр шимолтар аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 1910 аз ҷониби сайёҳ ва ҷуғрофидони рус, Николай Коженевский кашф гардида ва ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта шуд.

Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи  6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” ном гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияро муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо идораҳои дигари давлатӣ барои татбиқи қарори мазкур чораандешӣ кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий