< Таъйиноти кадрӣ дар Агентии зидди коррупсия: фармонҳои Президент » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таъйиноти кадрӣ дар Агентии зидди коррупсия: фармонҳои Президент

Таъйиноти кадрӣ дар Агентии зидди коррупсия: фармонҳои Президент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои фармонҳо дар мақомҳои роҳбарии Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод таъйиноти кадрӣ амалӣ кард

Тибқи фармони раисиҷумҳур, Аҳмадзода Музаффар Раҷаб аз вазифаи муовини директори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигар Аҳмадзодаро муовини якуми сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод таъйин намуд.

Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ, ки ноиби аввали сардори Ожонси зидди фасод буд, барканор гардида, бо фармони дигар ба мақоми муовини сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин шуд.

Фармонҳо дар бораи ҷойивазкунии Аҳмадзода ва Саидшозода ҳанӯз нимаи моҳи май имзо гардида, тоз дастраси расонаҳо шуданд.  Аҳмадзодаи 54-сола ва Саидшозодаи 46-сола солҳо дар сохтори Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон фаъолият доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий