Ҷаласаи изтирорӣ: Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз вазифа барканор шуд

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш шудааст
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз вазифааш барканор шуд.
Фармони Эмомалӣ Раҳмон, дар ин бора имрӯз содир гашта, дар он гуфта мешавад, Олимзода Насим Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, ҳамакнун ба ҷойӣ Олимзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба курсии вазирӣ Ҷамолиддин Абдуллоев менишинад.
Ҷамолиддин Абдуллоев, дар гузашта раҳбарии Муассисаи давлатии Маҷмааи Тандурустии "Истиқлол"-ро ба зима дошт.
Комментарии (0)