< Раҳмон қонунҳои нав имзо кард: почтаи электронию телефони мобилӣ ҷоиз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон қонунҳои нав имзо кард: почтаи электронию телефони мобилӣ ҷоиз шуд

Раҳмон қонунҳои нав имзо кард: почтаи электронию телефони мобилӣ ҷоиз шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як қатор қонунҳои қабулшуда аз ҷониби парлумонро имрӯз имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Тоҷикистонро имзо намуд, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Бар асоси тағйирот, минбаъд зимни хабардоркунии шахсони иштирокдори мурофиа, аз алоқаи барқӣ, почтаи электронӣ ва мобилӣ низ истифода бурдан имконпазир мегардад. Инчунин минбаъд додрас метавонад тибқи аризаи дахлдор, хатогии дар санадҳои судӣ мавҷударо бе тағйир додани мазмуни он ислоҳ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин Кодекси об, Кодекси нақлиёти автомобилӣ, қонуни  Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро имзо кард.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва ӯҳдадориҳои мақомоти хизматрасонро танзим менамоянд.

“Қонунҳои ба имзорасида дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Комментарии (0)

Оставить комментарий