< Зувайдзода: пеш соҳибкорон 10%-и хонаҳоро ба ҳукумат медоданд, ҳозир мехарем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Зувайдзода: пеш соҳибкорон 10%-и хонаҳоро ба ҳукумат медоданд, ҳозир мехарем

Зувайдзода: пеш соҳибкорон 10%-и хонаҳоро ба ҳукумат медоданд, ҳозир мехарем
Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали шаҳрдори Душанбе, мегӯяд, ҳукумати пойтахт феълан хонаҳои захиравӣ надорад ва агар ба нафаре туҳфа карданӣ шаванд, онро мехаранд

 Зувайдзода гуфт, феълан шаҳри Душанбе замин надорад ва соҳибкорон ҳам ҳаққи муайяни хонаҳоро, ки пештар ба ҳукумати пойхтахт медоданд, ҳозир намедиҳанд.

“Пештар чунин қонун буд, ки соҳибкорҳо 10 фоизи хонаҳои сохтаашонро ба ҳукумати шаҳр месупориданд. 80 хона бошад, 8 хонаашро ба ҳукумати шаҳр месупориданд, барои он ки замини шаҳр буд”, - изҳор дошт ноиби аввали шаҳрдорӣ.

Ӯ афзуд, ҳозир шаҳрдорӣ замин надорад ва бисёри хонасозиҳо тариқи бартарафкунӣ сурат мегирад. Соҳибкорон худашон гапзанон мекунанд, месозанд, таъкид кард шаҳрдорӣ.

“Ягон хона дар мо намегузарад. Барои ҳамин шаҳри Душанбе хонаҳои резерв надорад. Ба ягон кас туҳфа карданӣ шавем, мо аз ҳисоби худамон мехарем”, - изҳор дошт Зувайдзода.   

Комментарии (0)

Оставить комментарий