< ШИРКАТИ ХОНАСОЗИИ БЕГ САБУРРО МЕБАНДАНД? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ШИРКАТИ ХОНАСОЗИИ БЕГ САБУРРО МЕБАНДАНД?

ШИРКАТИ ХОНАСОЗИИ БЕГ САБУРРО МЕБАНДАНД?
Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ба ширкати сохтмонии "Комил-2020”-и марбут ба хонаводаи қудои президент Бег Сабук барои ислоҳи камбудишо муҳлат додаанд, вагарна иҷозатномааш бозпас гирифта мешавад. Сардори Хадамоти сохтмон Раҳматулло Табарҳода гуфт, шурӯи сохтмони бидуни ташхис ва берун аз тарҳ сохтани биноҳои истиқоматӣ аз ҷумлаи камбудиҳои ин ширкат аст. Бег Сабур, ки дар мақоми раиси Хадамоти алоқа кор мекунад, бар хилофи қонун, ки соҳибкориро ба мансабдорони давлатӣ манъ кардааст, ҷои кораш дар Хадамоти алоқаро ба як "офиси хонафурӯшӣ”-и ширкати "Комил-2010” табдил додааст. Соли 2019 сохтмони чанд баландошёнаи марбут ба Бег Сабурро дар Душанбе ба далели сифати пасташ ҳатто манъ карданд. Бег Сабур бо сохтани хонаҳои арзон, вале бесифат маъруф аст.

Радиои Озодӣ
Мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯянд, ки агар ширкати "Комил-2010" пешниҳодҳои онҳо дар мавриди камбудҳо дар сохтмонҳояшро ислоҳ накунад, литсензия ё муҷаввизи фаъолияти он бозпас гирифта мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ширкати сохтмонии "Комил-2010" ба наздикони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон марбут аст.

Раҳматулло Табарзода, сардори хадамоти сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шарҳи ин масъала гуфт, оғоз кардани сохтмон бидуни ташхис ва низ берун аз тарҳ бунёд кардани ошёнаҳо, аз ҷумлаи камбудҳо дар фаъолияти ширкати "Комил-2010" мебошанд.

Ин масъули Кумитаи меъморӣ ва сохтмон афзуд, ки дар ин робита ба додситонӣ ва шаҳрдории Душанбе номаҳо ирсол кардаанд. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки бархе иншоотҳои ин ширкат дар минтақаи Зарафшони шаҳри Душанбе боздошта шудааст.

Сохтмони бузурги манзилҳо аз тарафи ширкати "Комил-2010" дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт яке аз тиҷоратҳои Бег Сабур ва хонаводааш гуфта мешавад. Бег Сабур яке аз мансабдороне аст, ки дар баробари кори давлат ба тиҷорат машғул аст ва ҳамин мавзӯъ мояи интиқоди ӯ мебошад.

Дар як таҳқиқоти журналистӣ, ки аввали моҳи марти имсол дар "Cabar" (як бахши Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ)чоп шуд, хабарнигор Ё.Ҳалимов навишта буд, Бег Сабур бештари вақти худро на бо корҳои Хадамоти алоқа, балки бо сохтмону тиҷорат мегузаронад. Аммо худи ӯ мегӯяд, машғул шудан ба тиҷорати хона барои паст кардани "шиддати иҷтимоӣ ба бехонаҳо" дар кишвар аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий