Тоҷикистон ду шаҳрванди хориҷиро бо иттиҳоими узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" боздошт кард

Прокурори генералии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ эълон кард, миёни нафароне, ки бо гумони узвият дар созмони мамнуъи "Ихвон-ул-муслимин" ба ҳабс гирифта шуда, шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ду шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудаанд ва ду шаҳрванди дигари хориҷӣ барои даст доштан дар узвият созмони экстремистӣ-террористии "Ихвон-ул-муслимин" муайян карда шуда ва барои дастгир намудани онҳои чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Прокурори генералии Тоҷикистон аз ифшои узвияти ин ду шаҳрванди хориҷии боздоштшуда дар Тоҷикистон худдорӣ кард.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон эълон кард, ки 113 нафар бо гумони узвият дар созмони мамнуъи "Ихвон-ул-муслимин" ба ҳабс гирифта шуданд.
Прокурори генералӣ дар шарҳи боздоштҳои ҳафтаҳои ахир афзуд, миёни онҳо як нафар аз мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Исфара қарор дорад ва ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Ба қавли ӯ зиёда аз 20 нафари дигар ба иттиҳоми узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" боздошт шудаанд, ки иддаи аз донишгоҳҳои олӣ ва мақомоти ҳукуматӣ ҳастанд.
“Дар куҷое, ки аъзоёни созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" кор накунанд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Новобаста аз онки онҳо дар мақомот кор мекунанд ё ҷои дигар", - гуфт Юсуф Раҳмон.
Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ҳануз соли 2006 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон, дар рӯйхати созмонҳои мамнӯъи экстремистӣ-террористӣ ворид шудааст. Соли 2016 низ чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.
"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст.
Комментарии (0)