< Таъини вазирони нави фарҳанг, иқтисод, маориф, ёрдамчии Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таъини вазирони нави фарҳанг, иқтисод, маориф, ёрдамчии Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион

Таъини вазирони нави фарҳанг, иқтисод, маориф, ёрдамчии Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Маҳмадюсуф Имомзодаро, ки то ҳол ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, вазири маориф ва илм таъин кардааст

Нуриддин Саид, ки то ҳол мақоми вазири маорифи Тоҷикистонро ба уҳда дошт, раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Шоҳиёнро иваз кард.

Як манбаъ дар вазорати маорифи Тоҷикистон бо таъйиди таъиноти нав ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарвазир Қоҳир Расулзода вазири нави маорифро муаррифӣ кард.

Инчунин Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки ахиран вазири сол эълон шуд, аз мақом барканор шуда, ба ҷои ӯ Зулфия Давлатзода таъин гардидааст. Зулфия Давлатзода қаблан дар мақоми муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила кор кардааст. Гуфта мешавад, ки Орумбекзода ба нафақа фиристода шуд, аммо расман ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нагардидааст.

Инчунин расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба котиботи раисиҷумҳур хабар додаанд, ки Завқӣ Завқизода, ки то ҳол муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон буд, Неъматулло Ҳикматуллозодаро дар мақоми вазири рушди иқтисод ва савдо иваз кардааст. Гуфта мешавад, Ҳикматуллозода ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ таъин гардидаст. Расман фармони таъиноти барканориҳои ахир ҳанӯз дар сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр нагардидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий