< Эмомалӣ Раҳмон фармони аз кор озод кардани се судяро ба имзо расонд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон фармони аз кор озод кардани се судяро ба имзо расонд

Эмомалӣ Раҳмон фармони аз кор озод кардани се судяро ба имзо расонд
Имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ду судяи шаҳри Душанбе ва як судяи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз вазифаи ишғолкардаашон озод шуданд

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони аз вазифа озод намудани се судяро ба тасвиб расонд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст,  Ёрмамадзода Нисо Аҳмад аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Сайдализода Парвиз аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо хоҳиши худашон озод карда шуданд.

Ҳамзамон тибқи фармони раисҷумҳур Ҳоҷизода Саъди Ҳоди аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий