Маълум шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозон дар Соли нав чӣ туҳфа мекунад

Барои сарбозон ва афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ташкил шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд
Дар остонаи Соли нави милодӣ бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ҳайати қатории қисмҳои ҳарбӣ, бонувони хизматчии ҳарбӣ туҳфаҳои солинавии раисиҷумҳур супурда мешавад.
Ҳамчунин хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз номи президент туҳфаҳо хоҳанд гирифт.
Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад.
Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ бештар аз 800 сарбоз ва 200 бонуи хизматчии ҳарбӣ, кормандони Кумита та туҳфаҳо сарфароз карда мешаванд.
"Ин туҳфаҳо асосан ширинворианд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин барои сарбозон ва афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ташкил карда шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Комментарии (0)