< Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои узбакистонияш, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод

 Мирзиёев ва Раҳмон ҳамдигарро бо фарорасии соли нави 2020 шодбош гуфтаанд, хабар додааст котиботи раисиҷумҳури Узбакистон.

Манбаъ афзуд, соли равон дар таърихи муносиботи ду кишвар ҳамчун соли идомаи рушди ҳамкориҳо, таҳкими ҳамсоядории неку дӯстии бисёрасрӣ ва устувор шудани шарикии стратегӣ сабт мешавад.

“Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳо миёни ҳукуматҳо, парлумонҳо ва минтақаҳо, аз он ҷумла миёни Тошканд ва Душанбе дар ҳоли густариш қарор доранд. Афзоиши савдо, амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ҷой дошта, равобити фарҳангӣ-гуманитарӣ таҳким ёфта истодаанд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Узбакистон.

Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин масоили минтақавию байналмилалиро баррасӣ кардаанд, аммо тафсилоти он ироа нашудааст.

Мирзиёев ва Раҳмон махсус муҳимияти мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид намудаанд, ки моҳи ноябри соли равон дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий