< Содироти ангур афзоиш меёбад: Раҳмон дар Хатлон 150 г токзори "Пешвои миллат" бунёд кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Содироти ангур афзоиш меёбад: Раҳмон дар Хатлон 150 г токзори "Пешвои миллат" бунёд кард

Содироти ангур афзоиш меёбад: Раҳмон дар Хатлон 150 г токзори "Пешвои миллат" бунёд кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Хатлон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшид

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуд, хабарм медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил намудаанд.Гуфта мешавад ба ангурзори навбунёд “Пешвои миллат” ном гузошта шуд.

Ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ниҳолҳо аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шудаанд ва ба иқлими ноҳияи Хуросон, бахусус мавзеи мазкур мутобиқ мебошанд.

Дар се қитъаи боғ бошишгоҳ ва парки мошинҳо ташкил гардидааст ва дар баробари муҳайё будани шароити хуб барои токпарварон, ҳамчунин онҳо бо ҳама гуна техникаву механизми кишоварзӣ таъмин мебошанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий