< Ҳизбҳои демократ ва комунисти Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ омода ҳастанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳизбҳои демократ ва комунисти Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ омода ҳастанд

Ҳизбҳои демократ ва комунисти Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ омода ҳастанд
Бархе аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз омодагии худ барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар аввали моҳи марти соли 2020 хабар додаанд

 Раисони ҳизбҳои демократ ва комунисти Тоҷикистон теъдоди номзадҳои ин ду гуруҳи сиёсиро барои ширкат дар ин интихобот мушаххас кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Саидҷаъфари Усмонзода раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эълон намудааст, ки 13 нафар аз аъзои ин ҳизб бар асоси руйхати воҳиди ҳизбҳои сиёсӣ ва 19 нафар низ ба унвони номзад дар ҳавзаҳои интихобияи саросарӣ вориди рақобат хоҳанд шуд.

Ҳамчунин Меъроҷ Абдуллоҳов раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон аз омодагии ин гуруҳ барои пешниҳоди 8 номзад барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар  хабар додааст.

Дар Парлумони феълии Тоҷикистон Ҳизби демократ як намоянда дорад, ва он ҳам Саидҷайфари Усмонзода аст. Аммо Ҳизби комунист ҳеҷ намояндае дар Парлумон  надорад.

Ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва сотсиалистӣ ҳам, ки дар Маҷлиси қонунгузории феълии Тоҷикистон намоянда доранд эълом кардаанд, ки дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ ва Маҷлиси миллӣ дорои 33 курсӣ аст.

Ҳади нисоби вуруди номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси орои 5 дарсадӣ хоҳад буд, ки ҳизбҳои ширкаткунанда бо ин шохис метавонанд як номзадро ба ниҳоди қонунгузорӣ бифристанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий