Рустами Эмомалӣ аз Humo Arena ва боғи "Наврӯз" - и Тошканд боздид кард - акс

Дар доираи сафари худ ба Узбакистон, Рустами Эмомалӣ ва ҳамроҳонаш аз майдони Humo Arena ва боғи "Наврӯз" - и Тошканд боздид карданд
Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ва ҳамроҳонаш аз майдони Humo Arena ва боғи Наврӯзи Тошканд боздид карданд, хабар медиҳад Ҳокимияти шаҳри Тошканд.

Бино ба гузориши манбаъ, меҳмонони душанбегӣ ба шаҳомати майдони Humo Arena, ки технологияи наву меъмории миллиро дар худ ҷой додааст, таваҷҷӯҳи зиёд кардаанд.

Дар баробари ин ҳайати тоҷикон таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ аз боғи "Наврӯз" ва намоиши дастовардҳои ҳунармандони Тошканд ба ваҷд омадаанд.

Ҳайат, ҳамчунин аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Юнусобод дидан карда дар бораи технологияи нави ин макон маълумот гирифтааст.
Манбаъ афзуда, ки сафари Рустами Эмомалӣ дар Тошканд идома дорад.
Комментарии (0)