< Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Виталий Кличко » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Виталий Кличко

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Виталий Кличко
Шӯрои вакилони шаҳрии Киев, Виталий Кличко раиси ин шаҳрро ба даст доштан дар фасод муттаҳам дониста, бо додгоҳ нисбати ӯ аризаи шикоятӣ ирсол намуданд

Бюрои миллии зидди фасоди Украина дар қиболи шаҳрдории Киев, Виталий Кличко парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба РБК- Украина.

Манбаъ меафзояд, ки Шӯрои вакилони шаҳрии Киев, Кличкоро дар суиистифода аз мансаб ва пулшӯии давлат муттаҳам кардаанд. Тибқи аризаи шикоятии вакилони шаҳрӣ, Кличко маблағе, ки барои бозсозии пули Шулявский ҷудо  шуда буд, азони худ намудаст.

Вакилони шаҳрӣ бар ин боваранд, ки шаҳрдор ва маъмурони шаҳрӣ ва инчунин кормандони Дирексияи сохтмони иншооти нақлиётии Киев,  миқдори маблағҳои буҷетиро барои барқарорсозии пул аз ҳад зиёд ҳисоб кардаанд.

Гузашта аз ин,  Кличко дар чандин ҷиноятҳои коррупсионӣ муттаҳам дониста мешавад.

Қобили зикр аст, ки Виталий Кличко сар аз 5 - уми  июни соли 2014, раиси шаҳри Киев интихоб гардида, ҳамзамон  аз 25-уми  июни соли 2014 дар маснади  роҳбари маъмурияти шаҳр ифои вазифа мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий