< Қарори Рустами Эмомалӣ: “Азия плюс”, “Газпром”, Комбинати шир беҳтаринанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қарори Рустами Эмомалӣ: “Азия плюс”, “Газпром”, Комбинати шир беҳтаринанд

Қарори Рустами Эмомалӣ: “Азия плюс”, “Газпром”, Комбинати шир беҳтаринанд
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор, озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе”-ро ҷамъбаст карда, беҳтаринҳоро эълон намуд

 Бар асосаи қарори раиси Душанбе, ки котиботи шаҳрдорӣ нашр кардааст, ҷамъияти “Комбинати шири Душанбе” дар бахши истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ, Ширкати  телевизион ва радиои “Азия-Плюс” дар бахши технологияҳои ахборотӣ беҳтарин дониста шуданд.

Ширкати “Газпром-нефт Таджикистан” дар бахши савдо  ва “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик” дар номинатсияи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук” пешсаф эълон гардиданд.

Бар асоси қарор, ҷоизаҳоро ба ғолибон худи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе тақдим хоҳад кард.

Дар феҳрасти ғолибҳо инчунин “Тоҷик мебел”–номинатсияи истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат, “Техноинвест” – номинатсияи сохтмон, тармим ва таъмир, “Заводи асфалту бетон”, - номинатсияи истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо, “Рамзан Сохтмон”–номинатсияи меъморӣ ва дизайн, “Рухом” – номинатсияи косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ, ва ҷамъияти “Баракати Сол” – номинатсияи “Хӯроки умум” номбар шудаанд.

Инчунин ҷамъияти  “Торгмаш” – номинатсияи хизмати маишӣ, “Фавз”–номинатсияи хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология, “Тиб барои  Шумо” – номинатсияи истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ, “Жасмин” –номинатсияи хизматрасонии тиббӣ, “Интер Фитнес” – номинатсияи хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм, “РСМ Тоҷикистон”–номинатсияи хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ, “Кашфиёт Таҳлил Машварат”–номинатсияи фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама ва инчунин ширкати “ТТ Мобайл” дар бахши технологияҳои телекоммуникатсионӣ беҳтарин эълон шудаанд.

Бар асоси қарор пешсаф миёни соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе “Заводи асфалту бетон” ониста шудааст.

Раиси Душанбе таъкид намудааст, ки пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғолибони озмун аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  шаҳри Душанбе, амалӣ гардонда шаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий