Чӯпони ироқӣ хазинаи ДОИШ - ро пайдо кард, ки 25 миллион доллар онҷо маҳфуз буд

Эҳтимол роҳбарони созмони террористии ДОИШ пас аз пинҳон кардани маблағ ва ҷавоҳирот дар як биёбон, ҷойи онро гум карданд
Дар қисми ғарбии Ироқ, чӯпоне дар як биёбон хазинаеро дарёфт, ки онҷо 25 миллион доллар маҳфуз буд, хабар медиҳад шабакаи Al-Arabiya.
Манбаъ меафзояд, ки дар хазинаи бозёфтшуда пул, ҷавоҳирот аз тилло ва нуқра ҷой дода шудаст. Арзиши умумии ин бозёфт ба 25 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Қайд мегардад, ки эҳтимол роҳбарони ташкилоти террористии ДОИШ пас аз пинҳон намудани пулу ҷавоҳирот дар биёбон, дигар ҷойи маҳфузкардаи худро гум карданд ва дороии онҳо зери замин монда буд.
Хазинаи пури пул ва ҷавоҳиротро чӯпон дар биёбоне пайдо кард, ки аз шаҳри Ал-Анбара дар фосилаи андак дуртар воқеъ буд.
Шаҳри Ал- Анбара миёни марзи Сурия ва Урдун ҷойгир аст.
Комментарии (0)