< Мирзиёев нахустин шуда раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлуд шодбош гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мирзиёев нахустин шуда раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлуд шодбош гуфт

Мирзиёев нахустин шуда раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлуд шодбош гуфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз 67 - умин солрӯзи худ ҷашн мегирад. Ба ин муносибат раисҷумҳури Узбакистон нахустин шуда барои шодбошӣ гуфта ба Раҳмон занг зад

Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон пешсафӣ намуда, аз миён дигар сарони давлатҳо нахуст шуда Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлудаш шодбош гуфт.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон занг зада ӯро бо 67 - умин солгардаш сидқан муборакбод намуд.

Мирзиёев дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон  ба ӯ таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил таманно намуда, дар симои ӯ ба  кулли мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуд.

Манбаъ меафзояд, Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи  Тоҷикистон ва Узбакистон дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ иброз доштанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий