Расулзода бо Гуттериш ташаббуси Раҳмонро баррасӣ кард

Ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" дар Ню Йорк баррасӣ шуд
Рӯзи 26 сентябр дар ҳошияи Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню Йорк мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.
Тавре Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла дар соҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, инчунин мусоидати Созмони мазкурро дар ин равандҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
"Ҷонибҳо ҳамзамон вобаста ба татбиқи амалии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳамчунин дар Ню-Йорк, зимни ҷаласаи “Фарогирии умумии тандурустӣ” суханронӣ кард.
Ӯ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон минбаъд низ барои фарогирии васеи аҳолии мамлакат ба хизматрасониҳои тиббии баландсифат ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо дар бахши ҳифзи иқлим ва муҳити зист тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.
Комментарии (0)