< Путин Раҳмонро ба Маскав даъват кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Путин Раҳмонро ба Маскав даъват кард

Путин Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

 Соли оянда аз 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат раисҷумҳури Русия ба президенти Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими  солгарди ғалаба бар фашизм даъватнома ирсол намудаст.

Дар ин бора  ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз дастгоҳи раисҷумҳури Русия хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Владимир Путин сарони ҳамаи давлатҳои ИДМ ва ҳамчунин Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро низ даъват намудаст.

Қаблан хабар дода шуд, ки ба муносибати ҷашни 75- умин солгади Ғалаба, раисҷумҳури Русия ҳамтоёни худро аз Фаронса, Чин, Амрико, Ҳиндустон ва Покистон низ даъват кард.

Маврид ба зикр аст, ки  соли 2015 дар чорабинии идона бахшида ба рӯзи Ғалаба роҳбарони 23 давлати ҷаҳон ва ҳамчунин намояндагони СММ ва ЮНЕСКО низ ташриф оварда буданд.

Ёдовар мешавем, ки соли оянда ҷашни васеи 75- умин солгарди  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор хоҳад шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий