< Дар Макка ду зоири тоҷик фавтид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Макка ду зоири тоҷик фавтид

Дар Макка ду зоири тоҷик фавтид
Зоирини тоҷик 70 сол доштанд ва ҳар дуи онҳо бар асари беморӣ ҷон бохтанд. Ҷасади зоиринро дар макони муқаддаси Макка ба хок супориданд

Аснои Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду зоир, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад агентии "Авеста" бо такя ба маълумоти сухангуйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, зоирини тоҷик ҳар ду 70 сол доштанд ва бар асари беморӣ ҷон аз даст доданд. Ҷасади онҳоро дар Макка ба хок супориданд.

Маврид ба зикр аст, ки феълан барои адои маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ милионҳо мусалмонон қарор доранд.

Тоҷикистон имсол 7000 квота барои зоирини тоҷик аз ҳукумати Арабистони Саудӣ дарёфт намуда буд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод.Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳои Қирғизистон аз ҳалокати се зоири қирғиз хабар дода буданд, ки онҳо низ бар асари беморӣ ҷон аз даст доданд ва дар Макка ҷасади онҳо ба хок супорида шуд.

Имсол Арабистони Саудӣ барои зоирини Қирғизистон 6 010 даъватнома ирсол намуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий