< Раҳмон Жээнбековро ба марз даъват кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон Жээнбековро ба марз даъват кард

Раҳмон Жээнбековро ба марз даъват кард
Дидори раисҷумҳурони ду кишвар дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд

Интизор меравад, фардо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озими Исфара шавад.

Дар ин бора роҳбари Шуъбаи байналмиллалии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дониёр Сидиқов хабар дода  афзуд, ки мулоқоти роҳбарони ду давлат тибқи нақшаи тарҳрезишуда  сурат мегирад.

Дониёр Сидиков қайд намуд, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла раванди аломатгузории хати марз дар меҳвари баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Зимнан роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ба рушди ҳамкорӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ва таҳкими ҳамсоягӣ ва дӯстии мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дидори раисҷумҳурони ду кишвар дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Рафтуомад аз маркази шаҳри Исфара ба самти ҷамоати Ворух сар аз субҳи панҷшанбеи 25 июл аз сар гирифта шуд. Ҳаракат дар ин масир дар пайи муноқишаи рӯзи 22 июл, қатъ шуда буд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, ки боз шудани роҳ, натиҷаи музокироти дурӯзаи мақомоти баландпояи ду кишвар мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий