< Истироҳати президент: Бердимуҳаммадов рухсатиашро чӣ гуна мегузаронад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Истироҳати президент: Бердимуҳаммадов рухсатиашро чӣ гуна мегузаронад

Истироҳати президент: Бердимуҳаммадов рухсатиашро чӣ гуна мегузаронад
Рӯзи аввали рухсатӣ, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷилди навбатии китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро анҷом доду бо набераҳояш гашту гузор кард

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар рӯзи аввали рухсатии худ навиштани ҷилди 11-уми китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро ба итмом расонид, хабар медиҳад рӯзномаи русии Туркманистон "Нейтральный Туркменистан".

Бино ба иттилои рӯзнома, раисиҷумҳур таҳрири китобро анҷом доду нуқтаи охиринро гузошта онро ба нашриёт дод.

Пасон президент бо набераҳояш дар ҳавои тоза гашту гузор кард.

"Раҳбари давлат ба набераҳояш дар бораи табиати бойи Туркманистон нақл кард", - омадааст дар хабарнома.

Президенти Туркманистон муаллифи чандин китобҳо мебошад.

Китоб дар бораи аспҳои ахалтегӣ  "Ахалтегин-фахр ва ифтихори мо", романи "Паррандаи хушбахтӣ" ва ҳамчунин асари чандҷилдаи "Растаниҳои доруии Туркманистон " машҳуртарини онҳо ба шумор рафта, ба забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ тарҷума шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий