< Сулшер дубора сармураббии “Манчестер Юнайтед” мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сулшер дубора сармураббии “Манчестер Юнайтед” мешавад

Сулшер дубора сармураббии “Манчестер Юнайтед” мешавад
​Рӯзи душанбе «Манчестер Юнайтед» сармураббии даста Рубен Аморимро, ки аз моҳи ноябри соли 2024 инҷониб бо бошгоҳ кор мекард, аз вазифа барканор намуд. Зери роҳбарии мутахассиси португалӣ «Девҳои сурх» дар мавсими гузашта дар ҷои 15-уми ҷадвали чемпионати Англия қарор гирифтанд. Дар мавсими ҷории Премйер-Лигаи Англия «Манчестер Юнайтед» пас аз 20 бозӣ 31 имтиёз ҷамъ оварда, дар зинаи шашум ҷойгир аст.

Ба иттилои манбаъ, Сулшер, ки айни ҳол бекор аст, омода мебошад фавран роҳбарии дастаи собиқашро ба зимма гирад ва розӣ аст то таъйини мутахассиси дигар ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ фаъолият кунад.

Ёдовар мешавем, ки Сулшер 52 сол дорад. Ӯ солҳои 2018–2021 сармураббии «Манчестер Юнайтед» буд ва бо даста ба финали Лигаи Аврупо дар соли 2021 баромад. Клуби охирини мураббии норвегӣ «Бешикташ» буд. Ӯ моҳи январи соли 2025 роҳбарии дастаи шаҳри Истанбулро ба уҳда гирифт, аммо аллакай моҳи август аз вазифа озод карда шуд.

Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий