< Майя Санду президенти нави Молдова аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Майя Санду президенти нави Молдова аст?

Майя Санду президенти нави Молдова аст?
Сарвазири собиқи Молдова Майя Санду дар интихоботи президентии ин кишвар пешбар аст ва пас аз коркарди 99,02% протоколҳо аз участкаҳои интихоботӣ 35,42% овозҳоро ба даст овардааст. Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботи Молдава хабар додааст.

Президенти амалкунандаи Молдова Игор Додон бошад, 33,16% овозҳоро ба даст овардааст.

Комиссияи марказии интихоботӣ аллакай ҳамаи протоколҳоро аз қитъаҳои овоздиҳиро  коркард кардааст.

Номзади “Ҳизби мо”  Ренато Усатии 16,98% ва номзади Шор Виолета Иванов 6,59% овоз гирифтанд. Раиси ҳизби Платформаи “Шаъну шараф” Андрей Настасе 3,25% овозҳо, номзади Ваҳдати миллӣ Октавиан Цику — 2,01%, номзади PLDM Тудор Дели — 1,39%, роҳбари Ҳизби либерал Дорин Чиртоака — 1, 19%.

Интихоботи президентӣ рӯзи якшанбе дар Молдова баргузор шуд, сарвари ҷумҳурӣ барои чор сол интихоб мешавад. Комиссияи марказии интихобот интихоботро баргузоршуда эълон кард, зеро иштироки интихобкунандагон аз ҳадди зарурӣ — 33,33% зиёд шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий