< Дар Арабистон се узви ДОИШ ҳукми эъдом гирифтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Арабистон се узви ДОИШ ҳукми эъдом гирифтанд

Дар Арабистон се узви ДОИШ ҳукми эъдом гирифтанд
Онҳо бо ҷурми ҳамкорӣ бо ташкилоти террористӣ ба сахттарин муҷозот маҳкум шуданд. Ҷангиён тарҳи ҳамла ба полисро низ кашида буданд

 Шабакаи "Аларабия"гузориш медиҳад, ки дар Арабистони Саудӣ се ифротгаро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ (ташкилоти террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистону ва Русия) ҳукми эъдом гирифтанд.

Хабар дода мешавад, ки ин ҳукмро додгоҳи ҷиноии кишвар нисбат ба се ҷангӣ содир кард. 

"Узви ДОИШ ин муҷозоти сангинро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи ҷиноятӣ гирифтаанд. Онҳо нақша доштаанд ба кормандони пулис ҳамла оваранд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳангоми тафтишот муайян шудааст, ки доишиён нақша доштанд шӯъбаи пулис дар шаҳри Ҷиддаро тарконанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий