< Қонуни асосии Туркманистон ҳам тағйир меёбад: Бердмуҳаммадов таъйид кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қонуни асосии Туркманистон ҳам тағйир меёбад: Бердмуҳаммадов таъйид кард

Қонуни асосии Туркманистон ҳам тағйир меёбад: Бердмуҳаммадов таъйид кард
Ахиран раисҷумҳури Туркманистон ислоҳоти қонуни асосии ин кишварро таъйид кард

Ба нақл аз хабаргузории Форс, пас аз таъйиди ислоҳот дар қонуни асосӣ, нусхаи ниҳоии ин ислоҳот барои баррасӣ дар рӯзи 24 август, ба Маҷлиси Туркманистон ироа мешавад.

Соли гузашта Қурбонқулӣ Бердмуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон дар нишасти Шурои мардумӣ аз зарурати ислоҳи қонуни асосии кишвараш барои афзоиши ихтиёроти Шурои мардумӣ хабар дода буд.

Пеш аз ин Шурои мардумӣ танҳо як ниҳоди ифтихорӣ буд, ки дар он решсафедони кишвар ҳузур доштанд, аммо тасмимоти ин шуро лозимулиҷро набуд.

Бо ислоҳи қонуни асосии Туркманистон ихтиёроти заминаи қонунгузорӣ байни маҷлис ва Шурои мардумӣ тақсим ва дар ҳақиқат ду парлумон дар ин кишвар ташкил мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий