< Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард
Исбот шудааст, ки аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар Русия аллакай бехатирӣ ва самаранокии худро нишон додааст

Нахустин ваксина аз коронавируси навъи нав дар Русия сабтином шуд, эълом кард президенти кишвар Владимир Путин.

"Субҳи имрӯз бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи коронавирус сабтином шуд", - изҳор дошт Путин дар рафти маҷлис бо узви ҳукумати кишвар.

Путин таъкид кард, ки ваксинаи коронавирус аз тамоми ташхисҳои лозима гузаштааст.

"Медонам, ки ваксинаи мазкур самарабахш аст, маснуияти баданро ҳосил мекунад", - афзуд президенти Русия.

Путин коршиносонро барои кори фаврӣ ва пурмасъул дар коркарди ваксинаи зидди коронавирус изҳори сипос кард. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ба наздикӣ ваксини мазкур дар ҳаҷми зиёд истеҳсол ва ба аҳолӣ дастрас мешавад.

Вазири тандурустии кишвар Михаил Мурашко таъйид намуд, ки нахустин ваксини дар Русия сабтиномшуда аллакай самаранокӣ ва бехатарии худро исбот кардааст.

Вай афзуд, ки ваксин дар як вақт дар ду замина истеҳсол хоҳад шуд.

Ваксинаи зидди коронавируси Русия
Коршиносони рус аллакай дар баҳори гузашта ба коркарди ваксини зидди коронавирус шурӯъ карданд. Маводро аллакай мобайнҳои июн дар бадани чанд довталаб аз озмоиш гузарониданд.

Пизишкон таъкид намуданд, ки ҳамагуна асари ваксин ба саломати хатаре надорад ва пас аз як рӯз мегузарад.

Зиёда аз ин, дар натиҷаи озмоиш муайян гардид, ки ваксина ба бадани инсон кумак мекунад, ки зидди коронавирус маснӯият коркард кунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий