Масоҷиди Маскав боз мешаванд: пӯшидани ниқобу дастпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатмист

Шӯрои муфтиёти Русия санаи боз шудани дари масоҷид ба рӯйи намозгузоронро бо риояи тадбирҳои пешгирикунанда аз паҳншавии маризӣ эълон кард
Интизор меравад сар аз 6 - уми июн дари масҷидҳои шаҳри Маскав ба рӯи намозгузорон боз шаванд, хабар медиҳад Шӯрои муфтиёти Русия.
Ба иттилои манбаъ, иҷозати кушодашавии масоҷидро пешвои руҳонии мусалмонони Русия муфтӣ Равил Гайнутдин эълон намудаст.
Зимнан, гуфта мешавад, ки ба намозгузорон танҳо дар сурати риоя кардани тадобирҳои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус, иҷозати дар масҷид намоз гузоштан дода мешавад.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки вуруди шаҳрвандони аз 65 - сола боло ба масоҷидҳо қатъиян манъ аст.
Ҳамзамон, ҳамаи намозгузорон бояд бо ниқоби тиббӣ ва дастпӯшӣ вориди толори намозгузорӣ шаванд. Инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ низ аз шартҳои асосӣ барои намозгузорон гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари хуруҷи маризии сироятии коронавирус на танҳо равобити заминӣ ва ҳавоӣ миёни кишварҳо баста шуд, балки дари тамоми масҷидҳо ба рӯи намозгузорон маҳкам гардид. Аксари кишварҳо режими хонашиниро ҷорӣ намуданд.
Сар аз моҳи равон бештари кишварҳо маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо то андозае сабук намуданд.
Комментарии (0)