< Дар табобатхонаҳои Вуҳани Чин ягон бемори коронавирус намонд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар табобатхонаҳои Вуҳани Чин ягон бемори коронавирус намонд

Дар табобатхонаҳои Вуҳани Чин ягон бемори коронавирус намонд
Чин оҳиста - оҳиста карантинро мебардорад ва табобатхонаҳояш аз маризони коронавируси навъи COVID - 19 озод мешавад

 Дар беморхонаҳои Вуҳани Чин - маркази пайдоиши коронавируси навъи COVID - 19 ягон бемор намондааст, изҳор дошт, намояндаи расмии Кумитаи давлатии тандурустӣ, Ми Фэн.

"Ба шарофати кӯшиши табибони Вуҳан ва кумаки ҳамаи пизишкони Чин рӯзи 26 апрел дар беморхонаҳои Вуҳан ягон маризи коронавирус намонд", - гуфт Ми Фэн зимни нишасти хабарӣ.

Пештар хабар дода шуд, ки то 25 апрели соли 2020, аз рӯзи аввали ҳамагирӣ, дар вилояти Ҳубей 68 128 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус  (50 333 - дар Вуҳан), ба қайд гирифта шуд.

Дар баробари ин 63 604 кас аз ин маризӣ шифо ёфта, 4 512 кас (дар Вуҳан 3869 ) ҷон бохт.

Хабар дода шуд, ки дар Вуҳан ҳамагӣ 12 бемори коронавирус мондааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий