< Эрон эълон кард дар кишвар наздик ба 65 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эрон эълон кард дар кишвар наздик ба 65 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфт

Эрон эълон кард дар кишвар наздик ба 65 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфт
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, токунун 64 ҳазору 843 нафар аз касоне, ки дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон гуфт дар 24 соати ахир 1300 бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории  “Парстудей”.

Вай афзуд, токунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 87 ҳазору 26 нафар дар Эрон ба коронавриус мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин гуфт, мутаасифона дар 24 соати ахир фавти 90 нафар дар ба қайд гирифта шуд.

Шумори умумии ҷонбохтагон аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 481 нафар расидааст.  

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 2 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 185 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 727 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий