< "Короно дар беруност": суруди Фарҳод Дарё дар бораи карантинкуниҳо » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Короно дар беруност": суруди Фарҳод Дарё дар бораи карантинкуниҳо

"Короно дар беруност": суруди Фарҳод Дарё дар бораи карантинкуниҳо
Фарҳоди Дарё, овозхони саршиноси Афғонистон суруди тозааш, ки "CORONA" ном дорад, дар бораи эмин будан аз бемории коронавирус сароидааст

 Овозхон Дарё, бо нашри ин суруди наваш, аз мардумони ҷаҳон даъват намудааст, ки дар қарантинкунӣ ё худ хонанишиншуданҳо бар асари коронавирус ҷорӣ карда шудааст, хаста нашаванд, балки ҳамроҳ бо хонадони худ самимона умедвор бошанд, ки ин ҳама дарду мотам мегузарад ва ҳолу ҳавои зиндагӣ дубора хуб мешавад.

در خانه بمانیم، صمیمانه بمانیم خانه جای ماست، کرونا در بیروناست آهنگ جدید فرهاد دریا - کرونا

در خانه بمانیم، صمیمانه بمانیم خانه جای ماست، کرونا در بیروناست آهنگ جدید فرهاد دریا - کرونا

Geplaatst door RTA Dari op Maandag 30 maart 2020


Оҳанги "CORONA" ҳамчунин суфраҳои камбағалонаи мардумро тасвир намуда, таъкид мекунад, ки дар шароити осебрасонии коронавирус дар бозорҳо, мо нону себу асалро бояд ба ин тоифа мардумони камбизоату ҳамсояҳои фақиру гуруснаи худ бояд тақсим кунем.

Матни суруди "CORONA" - и Дарё ба қалами шоир Самеъ Ҳамид таалуқ дошта, бандубасти онро Қайс Улфат, овозхони дигари афғонӣ ба иҷро расонидааст.Тавре дида мешавад, ин суруд дар моҳи март, ки ҳоло авҷи фасли маризии коронавирус дар харитаи ҷаҳон шумурда мешавад, дар иёлоти Вирҷинияи ИМА сабт шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий