< Дар Эрон 700 мубталои вируси корона шифо ёфтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Эрон 700 мубталои вируси корона шифо ёфтанд

Дар Эрон 700 мубталои вируси корона шифо ёфтанд
То кунун беш аз 96 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 53 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва 3288 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, токунун 739 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Дар ин бора "Парстудэй" иттилоъ медиҳад.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 3513 нафар ба вируси корона дар кишвар гуфт, муттаассифона токунун 107 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Густариши вируси корона декабри 2019 аз шаҳри Вуҳони Чин оғоз шуд ва зоҳиран сарчашмаи он, ҳайвоноти ғайроҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин ба 86 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, токунун беш аз 96 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 53 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва 3288 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий