Мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA як зина боло шуд
Дар ин феҳрист Бразилия бо 1841,3 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Белгия бо 1816,71 имтиёз дар зинаи дувум ва Аргентина бо 1773,88 имтиёз дар зинаи севум мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (27-ум, 1536,99 имтиёз), Русия (33-юм, 1496,11 имтиёз) ва Узбекистон (77-ум, 1309,98 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (113-ум), Озарбойҷон (123-юм), Латвия (134-ум), Туркманистон (135-ум), Литва (144-ум) ва Молдова (174-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (77-ум) ва Қирғизистон (95-ум) ҷойгир шудааст.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар радабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Комментарии (0)