Инҷо – пора, онҷо – пора. Тоҷикистон маркази пора?

"Дар охир биёед таҳлил мекунем, ки низоми пораситонӣ чигуна аст:
Аз 5% то 10% дар Агентии харид ҳамчун сарфа
Аз 2%, баъзан то 6-7% барои масъули Агентии харид ҳамчун пора
10-15% Барои масъули ҶСК НБО «Роғун» ҳамчун пора
2% Барои масъули Вазорати молия ҳамчун пора...
Пас қазоват кунед, ки як соҳибкор чи қадар мушкилотро барои иҷрои уҳдадориҳои як шартнома пушти сар мекунад.
Пас ба ҳамаи ин ниҳодҳои номбаршуда савол дода мешавад, ки бо чунин тарзи кор ва бо чунин роҳи «дастгирии» соҳибкорони ватанӣ чӣ гуна мешавад, ки соҳибкории хурду миёнаро дар кишвар рушд дод??? Аз ин рӯ, имрӯз аксарияти соҳибкорон кӯшиш мекунанд, ки рафта дар хориҷ аз кишвар бизнеси худро ба роҳ монанд то аз ин қадар кашмакашу, фишор халосӣ ёбанд...”
Як соҳибкори тоҷик, ки ба далелҳои маълум аз нашри номаш худдорӣ мекунем, дар як номаи пурсӯз ба сомонаи "Ахбор” қисса кардааст, ки фақат барои иҷрои як шартнома барои таъмини нирӯгоҳи Роғун бо масолеҳ чӣ қадар идора ба идора саргардон шуда ва дар ҳар идора чӣ қадар пора додааст. Ӯ менависад, бо чунин шеваю усули макидани хуни соҳибкорон на Роғун сохта мешавад ва на соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад.
Матни пурраи номаи ин соҳибкорро инҷо мутолиа кунед:
Мехостам каме дар бораи рушди соҳибкории хурду миёна ва вазъи имрӯзаи соҳибкорони ватанӣ дар кишвар аз ҳақиқатҳои ҷойдошта ва қонунҳои дар ин самт нонавишта ибрози назар намоям.
Аввалан ман ҳамчун соҳибкор чандин сол бозба фаъолияти соҳибкорӣ машғулам. Қаблан андешидам, ки дар ин мавзӯъ хомӯширо ихтиёр намоям, аммо боз ҳам аҳволи имрӯзаи соҳибкрони тоҷикро дида азм кардам, ки нависам.
Банда барои иштирок дар озмуни дастрас намудани молу масолеҳ дар озмуни хариди он, ки барои иншооти ҳаётан муҳими аср ҶСК НБО «Роғун» зарур буд,иштирок кардам.
Барои иштирок дар тендер бояд аз қайди Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ гузашт. Алакай аз ҳамин ҷо, яъне аз қайди Агентии хариди давлатӣ гузаштан,эҷоди мушкилӣ ва фишор болои соҳибкор оғоз мегардад.
Барои қайди ширкат, ки дар хариди электронии Агентии харид иштирок намоӣ, маблағи муайян месупорӣ ва ҳуҷҷатҳоятро мебарӣ, ки ба қайд гузорӣ. Ҳатто бо супоридани маблағ мушкил дар ин ниҳод ба зудӣ роҳи ҳалли худро намеёбад ва ҳар дафъа масъулони ин ниҳод як ҳуҷҷати навро талаб мекунанд. Хулоса, то он вақте, ки ширкатро барои иштирок дар озмунҳо дар Агентии харид ба қайд мегирӣ, аз кори соҳибкорӣ дилсард мегардӣ, аммо ин мушкилӣ ҳисоб нест, чунки мушкилии асосӣ дар оянда ба сари соҳибкор меояд.
Сипас дар озмун иштирок мекунӣ, гарчанде, ки низом электронӣ ном дошта бошад ҳам, пас аз пешниҳоди нарх тариқи электронӣ соҳибкор ба Агентии харид даъват шуда,масъулони ин ниҳод нархи пешниҳодшударо кам мекунанд ва мегӯянд, ки бояд сарфа нишон дода шавад. Дар сурати сарпечӣ намудани соҳибкор ӯ ҳеҷ гоҳ ғолиб дониста намешавад ва протоколи тендериро, ки директори агентӣ имзо ва тасдиқ мекунанд, ба соҳибкор намедиҳанд.
Сарфаи мекардаи агентӣ бар хилофи қонуни харид мебошад, зеро чихеле, ки қайд кардем он тариқи электронӣ доир мегардад ва дар хариди электронӣ бояд таъсири инсонӣ вуҷуд надошта бошад. Аммо чунин нест ва сарфа то 5 ё 6%-и нархи умумии пешниҳод бояд бошад. Барои ин миқдор сарфа нишон додан масъулони Агентии харид ширкатро маҷбур мекунанд. Ин кор дарди бахайр аст, чизи аз ҳама дарднок ин пас аз анҷоми расмиёти хариди давлатӣ қабл аз бадаст овардани нусхаи аслии протоколи тендерӣ мебошад, зеро аз ширкат ба андозаи на кам аз 2% арзиши пешниҳодшуда пора талаб мекунанд.
Ин корро ин ниҳод бе ягон тарс ва дудилагӣ анҷом медиҳад. То маблағи мазкурро бурда ба дасти масъули Агентии харид надиҳӣ,нусхаи аслии протоколи тендериро, ки директори агентии харид онро тасдиқ мекунад ба ширкат намедиҳанд (дар мавриди порахӯрии масъулони агентии харид, ному насабашон, чеҳраҳои аслиашон ва механизми пораситониашон бо далелҳои раднашаванда маълумоти муфассал дар рӯзхои наздик омода гардида ба дасти чоп хоҳад расид).
Пас аз ин, ширкат протоколи тендериро ба корхонаи тендергузар бурда ҷиҳати омода намудани шартнома пешкаш мекунад.
Дар шартнома ҳаминхел навишта мешавад, ки ширкат муваззаф аст, то тамоми молу маводро, яъне уҳдадориҳои шартномаро аз ҳисоби маблағҳои худаш анҷом диҳад ва пас аз пурра дастрас намудани бор маблағашро гирад.
Пас аз он ки бори ҶСК НБО «Роғун»-ро бурда,ба анборҳояш дар шаҳри Роғун месупорӣ, боз вазифадор мегардӣ, ки барои гирифтани боваринома ва имзои борхату санади қабул чанд маротибаи дигар то ба шаҳри Роғун маблағ сарф карда,рафту омад кунӣ,то ҳуҷҷатҳоят комилан дуруст шавад ва барои пардохти маблағ пешниҳод гардад.
Қабл аз он ки шартнома бо ҶСК НБО «Роғун» баста шавад,ба назди масъулон рафта, бояд дар мавзӯи иҷрои уҳдадориҳои дар шартнома ҷойнадошта суҳбат кард, вагарна шартнома ба имзо намерасад ва ё расад ҳам,маблағатро, ки тибқи шартнома борро супоридаӣ, умрбод намегирӣ. Дар суҳбат ба ту мефаҳмонанд, ки 10% аз маблағи умумии шартнома ҳамчун пора пас аз гузаштани маблағ ба суратҳисоби ширкатат бояд бурда диҳӣ.
Хулас қарз гирифта молу маҳсулотро аз хориҷи кишвар мерасонӣ, аммо мушкилоти азин бадтар боз дар пеш аст. Пас аз молу маҳсулотро супоридан, чихеле қайд кардам, бояд чандин маротиба ҳам маблағ сарф карда ҳам вақт ба шаҳри Роғун ба идораи ҶСК НБО «Роғун» рафт, то ҳуҷҷатҳои номбаршударо дастрас кунӣ. Онро ба якбор ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ сурат намедиҳанд, зеро дар он ҷо низ «хизматҳои» алоҳида бояд кард.
Пас аз ин сар мешавад мушкилот бо мақомоти андоз ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамин ки аз тариқи электронӣ дар тавозуни ширкат ё корхона бор расонида шуда ҳисоб шуд, ба ширкат зангҳои телефонӣ ва даъват аз ҷониби мақомоти андоз сар мешавад, ки андозро супоред, ҳарчанд даъво пеш меорӣ, ки ман маблағамро то ҳанӯз нагирифтаам ва супоришномаи пулӣ дар Вазорати молия қарор дорад, туро ҳеҷ кас намефаҳмад ва фаҳмидан ҳам намехоҳад.
Барои он ки ҷарима назананду ширкатат минбаъд фаъолият намояд, маҷбур мешавӣ, ки болои он ҳама қарзҳо, ки барои дастрас намудани бор тибқи шартнома кардаӣ, боз қарз карда маблағи андозро месупорӣ. Пас аз супоридани андоз ҳангоме, ки ба суратҳисоби ширкат маблағ ворид мешавад, боз тафтиши нозироти андоз сар мешавад. Мақомоти андоз савол медиҳанд, ки ин маблағеро, ки ҳамчун андоз ба буҷаи давлат супоридӣ,аз куҷо дарёфт кардӣ? Дар сурати маъқул нашудан ба кормандони нозироти андоз дар ҳоле ки ту (соҳибкор) хуни дил шуда қарз карда андозро ба буҷаи давлат супоридаӣ, андози камералӣ ҳисоб карда мезананд (болои сӯхта намакоб).
Сипас мушкилот бо Вазорати молия оғоз мегардад. Супоришномаи пулӣ, ки аз ҷониби ҶСК НБО «Роғун» ба Вазорати молия ҷиҳати интиқоли маблағ ба суратҳисоби ширкат ирсол мегардад,моҳҳо ва ҳатто сол хоб мекунад то намояндаи ширкат пайдо шаваду «ҳаққи» корманди Вазорати молияро диҳад. Кор дар Вазорати молия чигуна аст?. Супоришномаи пулӣ бояд дар давоми 10 рӯз коркард шуда маблағи ширкат гузаронида шавад, аммо асло чунин набуду нест. Зеро агар соҳиби ширкат пайдо нашавад, ин супоришнома моҳҳо дар ҳамон Вазорати молия мепӯсад. Пас аз он ки намояндаи ширкат пайдо шуду «ҳаққи» дар ягон меъёру қонун нонавиштаи корманди Вазорати молияро дод, сипас аз нав аз ҶСК НБО «Роғун» талаб мекунанд, ки супоришномаи пулии фалон ширкат иваз карда бо таърихи рӯзи нав пешниҳод шавад.
Дар ин сурат даъвои на ҶСК «Роғун» ва на даъвои ширкат дар бораи дер пардохт шудани маблағ асос надорад, зеро низоми электронии ҷоринамудаи Вазорати молия оид ба пардохти маблағҳо аз низоми электронии Агентии харид заррае монданӣ надорад. Яъне дар сурати даъво пеш овардан кормандони Вазорати молия сар карда аз роҳбарияти он то корманди қаторӣ мегӯянд, ки супоришномаи пулии Шумо нав ворид шуд ва системаи мо супоришномаи пули кӯҳнаро қабул намекунад.
Исбот кунед, ки супоришномаи пулии ширкати шумо моҳҳо боз дар ҳамин вазорат хоб буд. Ана ёбеду гиред. Куҷое даъво мекунӣ,рафта кардан гир,матали чор тарафат қибла дар пешонаи соҳибкор часпонда мешавад. «Ҳаққи» корманди Вазорати молия низ ба монанди Агентии харид аз 2% арзиши умумии супоришномаи пулӣ вобаста ба хусусияти пардохт оғоз мегардад.
Фарз кардем «ҳаққи» корманди Вазорати молияро бурда додиву маблағ ба суратҳисоби ширкатат ворид шуд, сипас зангҳои телефонии давомдор аз ҷониби кормандони нозироти андоз ва масъулони ҶСК НБО «Роғун» сар мешавадеее.
Нозирони андоз талаб мекунанд, ки барои дастгирии андоз ба маблағи то 10% арзиши умумии шартнома пешпардохт намоед. Дар сурати иҷро нашудани талабашон таҳдид мекунанд, ки ту сухани моро шикастӣ ва ҳоло тафтиш таъин карда, ба ту нишон медиҳем. Давоми кор чуноне, ки дар боло қайд кардам ҳамонтавр ҷараён мегирад, яъне назорати камералӣ ва ҷарима. Ҳатто бо ин ҳама корманди нозироти андоз қонеъ намешавад, ва калиди (токен) тавозуни ширкатро, ки ба таври электронӣ ҷараён мегирад, аз соҳибкор ба ҳар баҳона гирифта, дар тавозуни (баланси) ширкат маблағҳои бардурӯғи фоидаро нишон дода ширкатро қарздор ба таври сунъӣ аз ҳисоби фоида андозбандӣ менамояд. Ба ин андозбандии ғайриқонунии корманди нозироти андоз тамоми соҳибкорон рӯ ба рӯ мебошанд, аммо коре карда наметавонанд.
Худое нокарда даъво пеш барӣ, ҳоли ширкат ва роҳбаронаш то ҳадди бехону мон гардидан ва ё паси панҷара рафтан мерасад. Хулоса корманди нозироти андоз хуни соҳибкорро то қатраи охирон мемакад. Ба қавли кормандони нозироти андоз, «Нафаре анорро ҷабида шарбаташро ҷудо мекунад ва мегӯяд, ки тамоми шарбаташро ҷабидам, аммо корманди нозироти андоз боз ҳамин қадари дигар шарбатро аз анори ҷабидаи дигарон ҷабида мегирад».
Занги масъули ҶСК НБО «Роғун» бошад сари 10% пораи маслиҳатшуда меравад. Дар сурати иштиҳояшон кушода шудан ва пешниҳоди 10% пора аз маблағи умумии шартнома онро то 15 ё 20% мебардоранд ва исрор мекунанд, ки дар вақташ сӯҳбат сари 10% нею сари 20% мерафт. Дигар соҳибкор намедонад, ки додашро ба кӣ гӯяд ва пеши кӣ даъво барад, зеро дар оянда на худаш мемонаду на ширкаташ ва бо ҳамин маҷбур мешавад, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ умрбод хайрухуш намояд ё лаб фурӯ баста дарди ҷонкоҳро таҳаммул намояд.
Дар охир биёед таҳлил мекунем, ки низоми пораситонӣ чигуна аст:
Аз 5% то 10% дар Агентии харид ҳамчун сарфа
Аз 2%, баъзан то 6-7% барои масъули Агентии харид ҳамчун пора
10-15% Барои масъули ҶСК НБО «Роғун» ҳамчун пора
2% Барои масъули Вазорати молия ҳамчун пора
Бар замми ин зараре, ки соҳибкор аз фарқияти қурби асъори миллӣ дар баробари доллари ИМА мебинад, бе ҳисоб буда ва бонкҳо чиқадар ба соҳибкор зарар мерасонанд, низ ҳисоб надорад. Маблағи соҳибкор ҳеҷ гоҳ сари вақт ва бе мушкилӣ дар суратҳисоб ба асъори хориҷӣ иваз карда намешавад, барои ин бояд ба корманди бонк низ пора дод.
Ҳеҷгоҳ ширкат аз бонк маблағашро, ки бо асъори хориҷӣ ба суратҳисобаш ворид шудааст дастрас карда наметавонад, онро бо асъори миллӣ (сомонӣ дастрас мекунад) ва маҷбур мешавад, ки барои адои қарзаш онро дар бозори сиёҳ чанд маротиба аз арзиши қурби бонкӣ ба доллари ИМА иваз карда сипас пардохт намояд.
Агар барои хариди доллари ИМА ба бонк муроҷиат кунӣ, ҳеҷ гоҳ ба ту он маблағи заруриро дарёфт карда намедиҳанд агар рафту ёбанд ҳам, то 500 доллар, ки ба дарди соҳибкор намехӯрад. Дар ин сурат барои интиқоли маблағ ҷиҳати харидории молу масолеҳ аз хориҷи кишвар соҳибкор маҷбур аст доллари ИМА-ро аз бозори сиёҳ харидорӣ кунад ва ҳам бурда боз ба бонк барои интиқол диҳад. Пас қазоват кунед, ки як соҳибкор чи қадар мушкилотро барои иҷрои уҳдадориҳои як шартнома пушти сар мекунад.
Пас ба ҳамаи ин ниҳодҳои номбаршуда савол дода мешавад, ки бо чунин тарзи кор ва бо чунин роҳи «дастгирии» соҳибкрони ватанӣ чӣ гуна мешавад, ки соҳибкории хурду миёнаро дар кишвар рушд дод???
Худ қазоват кунед, ки чӣ миқдор маблағ барои ҳам буҷаи давлат ва ҳам соҳибкор аз ин фаъолият зарар мерасад ва маблағе, ки барои ин сохтмон сарф карда мешавад, чӣ миқдорашро ниҳодҳои масъул медузданд. Бо чунин тарзи кор ба фикрам дар ояндаи наздик ба комёбӣ ноил гардидан душвор аст.
Аз ин рӯ, имрӯз аксарияти соҳибкорон кӯшиш мекунанд, ки рафта дар хориҷ аз кишвар бизнеси худро ба роҳ монанд то аз ин қадар кашмакашу, фишор халосӣ ёбанд. Оё мешавад, ки бо ин қадар мушкилӣ соҳибкории хурду миёнаро дар кишвар ривоҷ дод?
Сабабгори аслии ба фасод ғӯттавар гардидани тамоми самтҳои иқтисодиёт дар мамлакат ин Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ мебошад, ки порагирӣ аз ҳамин ниҳод оғоз меёбад. Яъне ин ниҳод сарчшмаи ташкили фасод дар кишвар ва яке аз фасодзадатарин ниҳод маҳсуб меёбад. Чуноне, ки дар боло ишора кардам дар рӯзҳои наздик дар ин маврид муфассал хоҳам навишт ва Шумо хонандагони муҳтарам чеҳраҳои аслии фасодро дар ин ниҳод хоҳед шинохт.
Шояд ҳамаи ин ниҳодҳои номбаршуда даъво пеш оранд, ки ин ҳама гуфтаҳо дурӯғанд, аммо ман мегӯяму виҷдони шумо медонад, ки ин суханон ҳақиқатеанд (ҳақиқати талхи мавҷуда), ки гуфтам.
Комментарии (0)