< Чунин таҳқири муҳоҷирон амали нодуруст аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чунин таҳқири муҳоҷирон амали нодуруст аст

Чунин таҳқири муҳоҷирон амали нодуруст аст
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба пайгирии қазияи боздошти чаҳор нафар шаҳрванди Тоҷикистон шуруъ кардаанд, ки дар қатли Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия, муттаҳам дониста мешаванд.

Боздошти ин чаҳор ҷавони тоҷик, бахусус нашри аксҳои таҳқиромези онҳо баъд аз дастгир шудан, хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро барангехт.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 10-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба пайгирии ин қазия шуруъ кардаанд. Оқои Аҳмадӣ аз ин бештар шарҳ надод ва гуфт, баъди дақиқ кардани ҷузъиётҳои қазия, сӯҳбат хоҳанд кард.

Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия шаби 7 ба 8-уми июн дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав кушта шуд. Расонаҳо навиштанд, ки гӯё ин устоди варзишро муҳоҷирон ба кӯл партофтанд ва ӯ дар зери об нафасгир шудааст.

Расонаҳои Русия рӯзи 9-уми июн чанд аксро аз лаҳзаи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон нашр карданд. Бархе аз онҳо дар дохили биное рӯ ба замин хобидаанд ва баъзеи дигар дар берун даст болову рӯ ба девор истодаанд. Нашрияи "Московская газета" рӯзи 9-уми июн бо такя ба Хадамоти амнияти федеролии Русия навишт, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон аз 24 то 29 сол доранд.

Вале он чӣ корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт нигарон кардааст, намоиши шимҳои кандаву дарида ва бадани урёни шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон аст. Чанде аз корбарон гуфтаанд, "ҳарчанд инҳо ба қатл гумонбаранд, набояд ба ин шева таҳқир шаванд".

Корбарон аз мақомоти Тоҷикистон, бахусус сафорати кишвар дар Маскав хостаанд, ки ба ин масъала ҷиддӣ бархӯрд кунанд, агар ҳақиқат дорад. Баъзе аз онҳо суол гузоштаанд, ки "чаро шимашон даридааст?" ва ё "ин оғози бозпурсист?"

Хуршеда Ҳамроҳқулова, роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Маскав мегӯяд, чунин таҳқир кардани муҳоҷирон нодуруст аст. Хонум Ҳамроҳқулова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи гунаҳкор будан ё набудани муҳоҷирон қазоват кардан ҳоло барвақт аст, вале дар ҳеҷ сурат касе ҳақ надорад онҳоро таҳқир намояд.

"Намефаҳмам, ки ба кадом хотир инҳоро ба замин хобонда, либосҳояшонро кашиданд? Ин чӣ маъно дорад? Ин хел таҳқир кардан умуман нодуруст аст",-гуфт Хуршеда Ҳамроҳқулова.

Айни замон дар нисбати шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон бар асоси моддаи "куштор аз ҷониби гурӯҳи шахсон дар заминаи авбошӣ", парванда боз шудааст.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Дар гузашта бархе онҳо мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, аммо тайи ду соли соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва даст доштан дар қатлҳои пурсарусадо муттаҳам шуда, дастгир ё кушта мегарданд.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон баъзе аз ин боздоштҳоро саҳнасозӣ медонанд ва иттилои мақомоти амниятии Русияро зери суол мебаранд. Барои мисол, моҳи майи имсол фаъолони ҳуқуқи инсон аз Осиёи Марказӣ амалиёти Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Владимири Русияро, ки дар он ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, саҳнасозишуда унвон карданд. Онҳо гуфтанд, наворҳое, ки аз ин амалиёт намоиш дода шуд, бо амалиёти соли 2017 бисёр монанд аст.

Силоҳҳои афтода рӯи фарш, манзили зист ва ҷасадҳои афтода дар ҳарду навор ба як шакл ҳастанд. Танҳо дар навори соли 2019 ба ҷойи автомат назди ҷасад таппонча афтодааст. Ҳеҷ осори тир дар ҳар ду навор дар деворҳо дида намешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий