< Ҷазои 489 корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ барои изофанависӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷазои 489 корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ барои изофанависӣ

Ҷазои 489 корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ барои изофанависӣ
Дар нуҳ моҳи аввали соли 2026, қариб 500 корманди «Шабакаҳои тақсимоти барқ» (ШТБ) беш аз 168,8 млн квт-соат нерӯи барқро ба суратҳисоби аҳолӣ изофанависӣ кардаанд, ки зарари воридшуда қариб 51,3 млн сомониро ташкил медиҳад.
Аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки дар пайи ин 400 корманди ШТБ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар умум 259 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ҳамзамон, нисбати 89 корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ дар асоси пешниҳоди ин ниҳод парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтиши парвандаҳои ин афрод ба куҷо расидааст маълум нест.
                                    "                                          
«Изофанависии нерӯи барқ дар филиали ШТБ дар минтақаи Кӯлоб дар ҳаҷми 78 млн 784 ҳазор квт-соат нерӯи барқ ба маблағи 29 млн 174 ҳазор сомонӣ ва дар филиали ШТБ дар минтақаи Бохтар 55 млн 885 ҳазор квт-соат изофанависии нерӯи барқ ба маблағи 12 млн 142 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст», — гуфтанд аз Оҷонсӣ.
                                         
Дар филиали ШТБ-и шаҳри Гулистон 11 млн 468 ҳазор квт-соат нерӯи барқ изофанависӣ шудааст, ки зарари расида аз он 3 млн 325 ҳазор сомонӣ будааст. Инчунин дар филиали ШТБ-и шаҳри Истаравшан изофанависӣ дар ҳаҷми 11 млн 542 ҳазор квт-соат ба маблағи 2 млн 636 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст.

Ҳамчунин дар филиали ШТБ-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошанд, 9 млн 172 ҳазор квт-соат изофанависии нерӯи барқ ба маблағи 2 млн 993 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар филиали ШТБ дар Душанбе изофанависии нерӯи барқро дар ҳаҷми 2 млн 16 ҳазор квт-соат ба маблағи 986 ҳазор сомонӣ ошкор кардаанд.

Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Ба гуфтаи манбаъ, изофанависӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 44,8%, яъне 41 млн 516 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Дуздии барқ чӣ қадар ошкор шудааст?Тибқи иттилои Оҷонсӣ, дар ин давра 2 ҳазору 729 мавриди дуздии барқро ошкор кардаанд, ки зарари расида 31,1 млн киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 38 млн 723 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Маводи пурхонандаМаводи пурхонанда«Дар пайи ин 2 ҳазору 798 кас барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ ё ба истилоҳ „дуздӣ"-и барқ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 1 млн 527 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
                                                                    
Намояндаи Оҷонсӣ гуфт, ки бештар дуздии барқ дар корхонаву ташкилот ошкор шудааст. Вале мушаххас нагуфт, ки чанд корхонаву ташкилот ва ё чанд сокин ба қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ даст задааст.     
                                                         
Пештар аз ин ниҳод гуфта буданд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол 1 ҳазору 750 ташкилоту корхонаҳо дар ҳаҷми 21,7 млн кВт-соат нерӯи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, дар пайи ин ба буҷаи давлат беш аз 24 млн сомонӣ зарар расонидаанд.

Бояд гуфт, ки дар соли 2025 изофанависӣ аз сӯйи кормандони «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар умум, 321 млн 464 ҳазор квт-соат нерӯи барқ ва зарари расида ба буҷаи давлат 106 млн 393 ҳазор сомониро ташкил медод. Шикори «барқдуздон» замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои «дӯздӣ"-и барқ низ зиёд шуд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий