< Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд

Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
​Дар ҳамоиш иброз гардид, ки рушди тухмипарварӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва амалӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим доранд. Ҳамзамон масъалаҳои технологияи кишти гандуми тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои обёришаванда ва рушди истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамоиш масъалаи ҷамъоварии ҳосили пахта ва иҷрои нақшаи истеҳсолии он низ баррасӣ гардида, масъулин ба истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва иҷрои саривақтии вазифаҳои соҳавӣ даъват шуданд.

Дар фарҷом иштирокчиён вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафта пешниҳодҳо манзур намуда, барои иҷрои вазифаҳои муайянгардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий