< Омодагӣ ба зимистон ва ҷамъоварии саривақии маблағ: Супориши вазир ба масъулин » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омодагӣ ба зимистон ва ҷамъоварии саривақии маблағ: Супориши вазир ба масъулин

Омодагӣ ба зимистон ва ҷамъоварии саривақии маблағ: Супориши вазир ба масъулин
Кам кардани талафоти нерӯи барқ, таъмини мардум бо гармӣ дар зимистон ва ҷамъварии саривақтии маблағ, аз супоришҳое ҳастанд, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба масъулин додааст.Вазир дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолию молиявии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар семоҳаи сеюми соли 2026 ширкат карда, натиҷаҳои молиявии ҷамъиятро мусбат арзёбӣ кардааст.Ҳамчунин, фаъолияти филиалҳо, нишондиҳандаҳои бадастомада ва камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.

Вазир зарурати тақвияти фаъолияти филиалҳо ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаро таъкид намудааст."Ӯ ба масъулон ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ, таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, бартараф намудани ҳолатҳои изофанависӣ ва ба роҳ мондани бақайдгирии пурраи муштариён дастуру супоришҳои мушаххас дод«, — омадааст дар хабарнома.Ҳамзамон, Далер Ҷумъа ба баланд бардоштани масъулиятшиносии кормандон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва риояи талаботи бехатарӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст.

Вазир таъкид намудааст, ки омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 ва таъмини фаъолияти устувору боэътимоди шабакаҳои тақсимоти барқ бояд аз вазифаҳои афзалиятноки роҳбарияти ҷамъият ва филиалҳои он бошад.

Линии электропередач.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2026

Сарчашма: sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий