< Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Р. Солеҳоваи шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар доираи корҳои навсозӣ пурра таъмир ва бо таҷҳизоти зарурию шароити муосири таълиму тарбия муҷаҳҳаз карда шуд. Фармоишгари корҳои навсозӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷом додани корҳои таъмиру навсозӣ 12 миллион сомонӣ маблағ равона гардид.

Муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф навсозӣ гардида, дар он барои хонандагон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст. Таҷҳизонидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои таълиму тарбия ба баланд гардидани сифати таҳсил ва беҳтар шудани шароити фаъолияти омӯзгорон мусоидат менамояд.

Дар айни замон дар муассиса 110 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

Фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас ва беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб рафта, бозсозии муассисаи таълимӣ барои хонандагон ва омӯзгорон туҳфаи арзишманд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рушди соҳаи маориф, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои хонандагон дар меҳвари таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий