< Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб дониста шуданд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб дониста шуданд?

Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб дониста шуданд?
Ҳафтаи гузашта озмуни «Хушдомани беҳтарин» дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд. Ғолибон маълум шуда, ба онҳо диплому сипоснома ва туҳфаҳо тақдим шуд. Иштирокчиёни фаъол низ бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе Қурбонгул Иброҳимова, сокини ноҳияи Синои пойтахт ғолиби озмуни «Хушдомани беҳтарин» дониста шуд.

Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ

Маросими ҷоизасупории ин озмун дар Душанбе, бо иштироки Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳр, Шаҳло Ҳасанзода, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи шаҳрдории Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, иштирокчиёни озмун ва занони фаъол доир гардид.

Хабарҳои муҳимро аз даст надиҳедХабарҳои фаврии Тоҷикистон — ҳамчун огоҳинома дар браузер. Бе спам, бо як пахш хомӯш мешавад.Огоҳиномаҳоро фаъол кунедМехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Дар вилояти Хатлон, ҷои якум насиби Аноргул Сайдалиева аз ноҳияи Данғара шуд.

Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ

Ҷойи дуюмрро Султонбӣ Қаюмова аз шаҳри Кӯлоб ва Шоҳзода Комилова аз ноҳияи Муъминобод соҳиб шуданд. Ёдгорбӣ Ашурова аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Розия Холова аз Ёвон ва Гулбаҳор Қазоқова аз Левакант сазовори ҷои сеюм шуданд.

Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шоҳҷоиза ба Холбӣ Амонбекова аз Хоруғ дода шуд. Ба ҷойи аввал, Отамбегим Шакаршоева аз ноҳияи Шуғнон сазовор дониста шуд. Моҳинав Рӯзадорова аз ноҳияи Рӯшон ва Розиямо Сиддиқова сазовори ҷойи дуюм шуданд.

Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ

Гулоро Мизробова аз ноҳияи Роштқалъа ва Қурбумо Саидова аз ноҳияи Ванҷ ҷойи сеюмро гирифтанд.

Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ

Дар вилояти Суғд ҷойи аввалро Зебохон Муҳиддинова аз Конибодом, ҷойи дуюмро Музаффара Олимова аз Истаравшан ва ҷойи сеюмро Улмасой Ғоибова аз Деваштич касб карданд.

Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ

Ёдрас мекунем, ки соли сеюм пайиҳам бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» озмуни «Хушдомани беҳтарин» гузаронида мешавад. Ҳарчанд он озмуни ҷумҳуриявӣ ном дорад, вале дар сатҳи вилоят ва шаҳри Душанбе ҷамъбаст мешавад.

Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ

Ҳадафи ин озмун, баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона гуфта мешавад.

Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ

Маълумоти бештар дар ин бораро дар маводи зерини хонед: Дар Тоҷикистон хушдоман ва ҳамсари беҳтаринро маълум мекунанд


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий