< Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд

Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
​Дар ҳамоиш Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин робитаи ногусастании экосистемаҳои кӯҳӣ, захираҳои обӣ ва ҷомеаҳои поёнобро таъкид намуд.

Иброз гардид, ки давоми панҷоҳ соли охир дар Тоҷикистон тақрибан 1300 пирях аз байн рафтааст. Дар ин замина, зарурати тақвияти мониторинги илмӣ, низомҳои огоҳии бармаҳал, инфрасохтори ба тағйирёбии иқлим тобовар, ҳамкории технологӣ ва дастрасӣ ба маблағгузорӣ таъкид карда шуд. Ҳамзамон саҳми пайвастаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, аз ҷумла дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Хазинаи эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва Раванди оби Душанбе таъкид гардид.

Дар ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Непал Шишир Ханал, Президенти иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доктор Халилур Раҳмон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдив хонум Ирутҳишам Адам, инчунин намояндагони давлатҳои аъзо ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ба хотири ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи захираҳои обӣ ва таҳкими устувории иқлими ҷомеаҳои кӯҳӣ, поёноб, соҳилӣ ва ҷазиравӣ таъкид гардид. Иштирокдорон аҳаммияти тақвияти ҳамкории илмӣ, низомҳои огоҳии бармаҳал, дастрасӣ ба маблағгузории соҳаи иқлим, интиқоли технология ва ҳамкории ҳамоҳангшудаи минтақавию байналмилалиро барои вокуниш ба пайомадҳои ба ҳам алоқаманди тағйирёбии иқлим аз минтақаҳои кӯҳӣ то баҳру уқёнусҳо таъкид карданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий