< Тоҷикистонро дар Бозиҳои бистуми Осиё дар Ҷопон беш аз 100 варзишгар муаррифӣ мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистонро дар Бозиҳои бистуми Осиё дар Ҷопон беш аз 100 варзишгар муаррифӣ мекунанд

Тоҷикистонро дар Бозиҳои бистуми Осиё дар Ҷопон беш аз 100 варзишгар муаррифӣ мекунанд
Ин мусобиқот аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳрҳои Айти ва Нагойи Ҷопо бо ширкати варзишгарон аз 45 кишвар баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар он 104 варзишгар дар намудҳои гуногуни варзиш намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот, дар навъҳои гуногуни куштӣ, ҷудо, муштзанӣ, каратэ, варзиши сабук, шиноварӣ, қаиқронӣ, камонварӣ, тирандозӣ, вазнбардорӣ, «гимнастика», шамшерзанӣ, теннис ва «бадминтон» рақобат мекунанд.

                                                                   
 Миҷгона Самадова, муштзани тоҷик парчамбардори дастаи миллии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи 20-уми Осиё дар соли 2026 аст. Интихоби ӯ ҳамчун парчамбардор рамзӣ аст. Зеро ӯ яке аз варзишгарони ботаҷриба дар дастаи кунунӣ аст ва дар Бозиҳои қаблии Осиё дар Ханчжоуи Чин нишони биринҷӣ ба даст оварда буд.   
                                                           
Миҷгона Самадова. Акс аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш


Самадова ҳамчунин, дар ин мусобиқот дар ҳайати дастаи бокс дар вазни 60 кг рақобат хоҳад кард.
Коршиносон имконоти дастаи Тоҷикистонро барои дарёфти медалҳо аз ҳама бештар дар навъҳои ҷудо, куштигирӣ, қаиқронӣ ва муштазанӣ баланд арзёбӣ мекунанд.

Ба ҷудо таваҷҷӯҳи бештар аст. Эмомалӣ Нуралӣ ва Муҳиддин Асадуллоев, аз ҷумлаи намояндагони пурқувват дар вазнҳои худ дар ин намуди варзиш ҳастанд, дар ҳоле ки Ҷаҳонгир Маҷидов ва дигар аъзои даста таҷрибаи зиёди байналмилалӣ доранд.

Акс аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш


Дар куштӣ Тоҷикистон ба Виктор Расадин, Муҳаммад (Магомед) Евлоев ва дигар варзишгарони қавӣ умед мебандад.
Барои мунтахаби Тоҷикистон ин бозиҳои нуҳуми Осиё ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз Хиросими Ҷопон дар соли 1994, кишвар дар ин мусобиқаҳо 35 медал — 6 тилло, 8 нуқра ва 21 биринҷӣ дарёфт кардааст.

Дар ду Бозии охири Осиё, Тоҷикистон дар ҳар кадоме ба дарёфти 7 медал даст ёфта буд. Соли гузашта дар Ханчжоу Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори шинохтаи тоҷик ва Давлат Болтаев, муштзани маъруфи кишвар ду медали тилло гирифта буданд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий