< Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
​Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба дастовардҳои назарраси ҷумҳурӣ дар самти рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти вазъи буҷету қарзи давлатӣ, беҳтаршавии захираҳои асъорӣ ва бахши бонкӣ, инчунин татбиқи муваффақонаи барномаҳои ислоҳотӣ бо дастгирии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Иброз гардид, ки дар сохтмони иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 12 муассисаи молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ менамоянд. Зимни ҳамоиш таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон дар бозори байналмилалии евробондҳо, рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ ва имконияти барориши аввалин коғазҳои қиматноки сабз пешниҳод карда шуд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий