< Дар Тоҷикистон хушдоман ва ҳамсари беҳтаринро маълум мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон хушдоман ва ҳамсари беҳтаринро маълум мекунанд

Дар Тоҷикистон хушдоман ва ҳамсари беҳтаринро маълум мекунанд
Дар Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Хушдомани беҳтарин» оғоз шудаааст. Ҳарду озмун  дар се давр баргузор мешаванд ва то охири моҳи октябр ғолибон маълум мешаванд. 

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин ҳамсар» аллакай, оғоз шуда, даври аввали он то 10-уми октябр дар сатҳи ҷамоат, деҳот ва маҳаллаҳо баргузор мешавад. Даври дуюми озмун то 17-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва даври сеюм то 21-уми октябр дар вилоятҳо ба нақша гирифта шудааст.
                                                                    
Манбаъ мегӯяд, озмуни «Хушдомани беҳтарин» бошад, пештар оғоз шудааст ва ҳоло даври дуюми он дар шаҳру ноҳияҳо ҷараён дорад, ки то 25-уми сентябр давом меёбад. Даври сеюми озмун дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе сурат мегирад ва даври охири моҳи сентябр он ҷамъбаст хоҳад шуд.                                                              

Пас аз поёни ин озмунҳо, беҳтарин ҳамсару хушдоманҳо муайян шуда, ба онҳо тӯҳфа тақдим мешавад.
Кумитаи занон гуфтааст, ки ғолибон аз рӯйи талаботу меъёрҳои зер маълум карда мешаванд:
  • нақши хушдоман (ҳамсар) дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва пойдории оила;
  • муносибати хушдоман (ҳамсар) бо келин, домод, фарзандон ва дигар аъзои оила дар асоси эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳрубонӣ;
  • саҳми хушдоман (ҳамсар) дар тарбияи фарзандону набераҳо, нигоҳубин ва эҳтироми падару модар, пешгирии низоъҳои оилавӣ, машваратдиҳӣ, сарфакорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, истифодаи таҷрибаи ҳаётӣ дар тарбияи хонавода;
  • саҳми хушдоман (ҳамсар) дар ободи хонаву кӯча ва шаҳраку маҳалла;
  • саҳми хушдоман (ҳамсар)  дар ҳифз ва эҳтироми арзишҳо, расму оийн ва фарҳанги миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи меҳандӯстӣ, сафарбарии фарзандону набераҳо ба хидмати Ватан, иштироки фаъоли оила дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ.
Кумитаи занон мегӯяд, ҳадафи ин озмунҳо баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки озмунҳои хушдоман, ҳамсар ва ё фарзанди беҳтарин чанд сол аст дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта ҳам озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд — боғи падару модар» баргузор шуда буд. 
Соли 2024 дар озмуни «Беҳтарин ҳамсар» баргузор шуд, ғолиби «Шоҳҷоиза"-и озмун бо 4 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуда, ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 мутаносибан бо 3 ҳазор, 2 ҳазор ва ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадр шуда буданд.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий